Дар Душанбе Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи давлатии «Росатом» ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия машварати муштарак доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва ҳамкорӣ дар самти таълим ва баланд бардоштани касабияти мутахассисон изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Нишаст вобаста ба баррасии харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳум, ки 20 октябри соли 2023 байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия ба имзо расидааст, доир гардид.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи омода намудани мутахассисон дар заминаи Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаи таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






