Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд

Февраль 10, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба  ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, идоракунии минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва идоракунии партовҳо зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Баҳодур Шерализода дар бораи зарурати расонидани кумаки техникӣ ба муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, навсозии озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти моддӣ-техникии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуд.

Инчунин дар мулоқот натиҷаҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим СОР28 баррасӣ шуданд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами пешниҳодҳояшро дар тақвияти ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид иброз намуда,  гуфт, ки «умедворем дар оянда ҳамкории мо бештар таҳким меёбад».

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд