Дар шаҳри Панҷакент толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврали соли равон дар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки занону духтарони фаъоли шаҳр толори арӯсии «Малика» ва кошонаи ҳусн мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Раиси шаҳри Панҷакент зимни ифтитоҳи марказҳои хизматрасонӣ иқдоми соҳибкор Малика Зоҳидоваро шоиста арзёбӣ намуд.
Дар хонаи ҳусн ва толори арӯсии шаҳри Панҷакент 8 нафар зан, ки ин ҳунарро балад ҳастанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Дар ин ҷо ҳамчунин ба духтарони ҷавон ҳунари ороиш додани руйю мўй омӯхта мешавад.
Ёдоварӣ шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дастуру супориш доданд, ки дар ҳар як деҳаи Тоҷикистон иншооти хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла толорҳои арўсӣ ва кошонаҳои ҳусн сохта шавад.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки сокинони деҳаҳои дурдасти мамлакат аз сабаби набудани чунин марказҳо дар маҳалли зисташон, маҷбур мешаванд, ки роҳи дарозро тай намуда, барои анҷоми кор ба маркази шаҳру ноҳияҳо раванд, ки ин харҷ ва вақти зиёдро талаб мекунад.
Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд






