Дар вилояти Суғд ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин диққати хосса дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардида, ҳамасола маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мешавад. Ин нукта зимни машварати корӣ иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Гуфта шуд, ки саҳми кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас буда, рушди соҳа ва гирифтани ҳосили баланд сабаби фаровонии бозори истеъмолӣ гардидааст. Дар шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят мувофиқи нақша соли равон бояд дар 173 ҳазору 835 гектар кишти баҳорӣ анҷом дода шавад. Аз ҷумла, кишти пахта дар 59 ҳазору 633 гектар, картошка- 18 ҳазору 500 гектар, сабзавот дар 9 ҳазору 311 гектар пешбинӣ гардидааст, ки барои ин имконияту захираҳо муҳайё мебошанд. Миқдори зарурии тухмиҳои хушсифат захира гардида, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт таъмин намудани деҳқонон бо тухмӣ ва оби полезӣ тадбир андешида, барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, риояи сохтори кишт ва истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо корро тақвият бахшанд.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва муҳлати оптималӣ имрӯзҳо кишти картошкаи барвақтӣ, ки нақшаи он 1205 гектарро ташкил медиҳад, дар навоҳии кишоварзӣ гузаронида мешавад.
Зимнан таъкид гардид, ки масъулини бахши обрасонӣ бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат фаъолиятро беҳтар намуда, тамоми пойгоҳҳоро мувофиқи нақша ба мавсими кишти баҳорӣ омода созанд, зеро аз 1 март таъминот бо оби полезӣ шуруъ мегардад.
Дар фарҷоми ҷаласа тамоми масъулин вазифадор шуданд, ки корҳои ободониву созандагиро ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо, бунёди боғу токзори замонавӣ, риояи ҳатмии сохтори кишт, риояи тозагиву ободкорӣ, аз партов тоза намудани муҳити атроф, рушди соҳаи саноат, сохтмони иншооти муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи андоз ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон равона намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






