ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ёвон 300 бех ниҳоли сӯзанбарг бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар ноҳияи Ёвон дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, гулгашту хиёбон ва назди ташкилоту муассисаҳо 300 бех ниҳоли дарахти сӯзанбарг шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон итиллоъ медиҳад.
Раванди ниҳолшинониву сабзазоркунӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳ қарор дошта, шуруъ аз интихоби ниҳол макони шинонидани он, кандани чуқурча ва дигар қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ ва нигоҳубину сабзиши ниҳолҳои шинонида ба инобат гирифта мешавад.
Ин тадбири экологӣ- маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба «мамлакати сабз» табдил додани ҷумҳурӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон гузаронида шуд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳрак, ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ёвон ҳашарҳои оммавии ниҳолшинонӣ ташкил мегарданд. Дар онҳо доираи васеи сокинон, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар сарсабзу хуррамгардонии маҳали зист саҳми муносиб мегузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






