Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуд

Февраль 1, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро, ки ҳамасола доир мегардад, пайдо намуд. Дар ин хусус 31 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.

Бо мақсади иҷрои дастуру  супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, инчунин  вобаста ба  эълон гардидани соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мусоидат ба омӯзиш ва амалияи қонуни байналмилалии фурӯши тиҷоратӣ ва рақамӣ ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дархост равон намуд, ки он бо қаноатмандӣ аз тарафи масъулин қобили қабул гардид.

«Акнун донишҷӯёни мо дар баробари 88 давлати ҷаҳон ҳуқуқи иштирок дар озмуни ҳамасолаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуданд»,-афзуд мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023  дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ кушода шуд.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад