«ХАВФИ РЕПУТАТСИОНӢ». Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ин мавзуъро шарҳ медиҳад

Февраль 20, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024  Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Ноиби Президенти Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОН дар бораи  аҳамияти  бузурги ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат дар пешгирии амалҳои номатлуб  ибрози андеша намуд, ки дар зер манзури хонандагон мегардад.

Зарурати эҳёи  мушаххаси  маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид шуда, ҳамчун муҳити табиии рушди инсон ва муҳимтарин падида  ба  татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва  ҳифзи манфиатҳои миллӣ  равона  гардидааст.

Гузашта аз ин,  маърифати  ҳуқуқӣ  на танҳо ифодагари  амалҳои  дохилӣ, балки дар муносибат бо давлатҳои дигар  ифодаи  сиёсати  берунии мамлакат ҳамчун имиҷи  давлатдорӣ  мебошад. Маълум аст, ки  ин падида паҳлуҳои мухталиф дорад ва дар баробари зуҳуроти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ он инчунин ҷанбаҳои гуногуни  ҳуқуқиро низ соҳиб мебошад.  Дар ин раванд маърифати сиёсӣ   инъикоси расмии ҳама гуна зуҳуроти ҳуқуқӣ  дониста мешавад.

Мавриди таъкид аст, ки  тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсӣ  ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дучанд гардида,  дар самти густариши масъалаҳои  номатлуби ҷомеа, ба мисли таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ андешидани тадбирҳои заруриро вазифагузорӣ менамояд.

Дарвоқеъ, муайян намудани  дараҷа ва табиати ин зуҳуроти номатлуб тазодҳои зиёдеро  дар бар мегирад, ки  ҳам  дар дохил ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ на танҳо паҳн намудани  тарсу ҳарос, балки хавфҳои репутатсиониро ба вуҷуд меоранд, ки ба обрӯ ва имиҷи  миллату давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Пӯшида нест, ки амали террористиро чун як  навъи муборизаи сиёсӣ бо  истифодаи қувваи зӯрӣ  барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ истифода мебаранд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо иҷрокунандагони амалҳои террористӣ инро аз надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва надоштани маърифати ҳуқуқӣ  анҷом медиҳанд.

Маълум аст, ки  муборизаи оштинопазири  ноошноёни миллати мо дар фазои иттилоотӣ бо туҳмату ҳангомаҳои сиёсӣ  хеле зиёд ба назар мерасад ва онҳо вобаста ба рушди ҷомеа  тактикаву  стратегияи  амалиёташонро  тағйир медиҳанд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза хавфи  репутатсионӣ  ба обрӯйи  миллату давлати мо ва минтақа  таъсиргузор мебошад?

Дар посух бояд гуфт, ки  «хавфи  репутатсионӣ»,  яъне  аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва  воситаҳои ахбори оммаи ҷомеа мебошад. Иштирок намудани шаҳрвандони ин  ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.

Хавфҳои репутатсионӣ дар маҷмуъ метавонанд ба вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъсир расонида, фишори дохилию берунии низоъҳоро шиддатнок намоянд. Дар ҷумҳурии мо хавфҳои репутатсиониро вобаста ба оқибати рӯйдодҳои марбут ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористии дигар мамлакатҳо  метавонем чунин арзёбӣ  намоем:

Якум, хавфи аз даст додани боварӣ аз ҷониби ҳамсоямамлакатҳо, хусусан дар самтҳои хариду фурӯш, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва амният. Баъзе мамлакатҳо иштироки шаҳрвандони моро  дар ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави хеш ҳамчун амали таҷовузкорона ё мудохила ба вайрон намудани муносибатҳои дӯстона ва халалдор намудани  амнияти миллӣ метавонанд қабул намоянд.

Дуюм, хавфи бошиддат қарор гирифтани зиддиятнокӣ. Масалан, мамлакатҳое ҳастанд, ки баъди пайдо шудани ҳамлаҳои террористӣ дар қаламравашон  дар  минтақаи Осиёи Марказӣ  ҳузури ҳарбӣ ва сиёсиашонро барқарор карданӣ мешаванд, то  амнияти дигар мамлакатҳои минтақаро  халалдор созад.

Сеюм, эҳтимоли хавфи аз даст додани обрӯ ва имиҷ дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки терорризму экстремизмро ҳамчун таҳдиди асосии  сулҳу амният маҳкум менамоянд.  Иштироки шаҳрвандони мо дар ҳамлаҳои террористӣ ин, пеш аз ҳама, вайрон намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ ва созишномаҳо оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад.

Чорум, хавфи пайдо шудан ва ё шиддат гирифтани масъалаҳои дохилӣ ва моҷароҳое, ки ба миллатгароӣ, дингароӣ, норозигии сиёсӣ, ифротгароӣ, сепаратистӣ ва ғайра алоқамандӣ доранд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар  ҳамлаҳои террористӣ шояд натиҷаи раванди маргинализатсия, мағзшӯии бегонагон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра бошад. Аммо  ин маънои онро надорад, ки  барои иштироки як ё ду  шаҳрванди як кишвар  тамоми миллату давлат  гунаҳгор дониста  шавад.

Дар маҷмуъ, муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад. Ин на танҳо чун вабои аср, балки   мубориза бар зидди оммаи башарият аст. Хавфҳои муосири  репутатсионӣ- ин метод ва усулҳои нави технологҳои сиёсие мебошанд, ки метавонанд бозиҳои  нави  геополитикиро  ба миён оранд. Аз ин рӯ, зарурате пайдо мешавад, ки ба масъалаҳои мафкуравӣ муносибати дигар дошта бошем. Бинобар ин, барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати хавфҳои репутатсионӣ  андешидани тадбирҳои зерин зарурат пайдо намудааст:

— Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва муколама дар масъалаҳои амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мустаҳкам намудани боварӣ ва дӯстӣ  байни мамлакатҳои осебдида.

— Таҳқиқ намудани вазъ ва ангезаи (мотив) иштироки шаҳрвандони тоҷик дар ҳамлаҳои террористӣ, муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, маълумоти дақиқ пайдо намудан оид ба ин амалҳо ва пешниҳоди онҳо ба ҷомеаи байналмиллалӣ.

— Ба танзим даровардани соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хуқуқи инсон, демократия, маориф, фарҳанг, ташвиқу тарғиби таҳаммулпазирӣ ва рушди маърифати ҳуқуқию  донишҳои сиёсӣ .

Маълум аст, ки чанд вақт боз  ифротгароён  ва  хоҷагони онҳо  ба  шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи таблиғи иттилооти бардурӯғ  ба  шуур ва  рафтори мардум таъсири амиқи манфӣ мерасонанд. Қисми зиёди нафароне, ки ба сафи гурӯҳҳои  экстремистию  террористӣ мепайванданд, маҳз аз надоштани маърифати ҳуқуқӣ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ  мағзшӯй  мешаванд ва  онҳо минбаъд  ин дарсро  ба наслҳои дигар интиқол медиҳанд.

Аз ин рӯ, дар раванди  тағйирпазирӣ ва иҷтимоикунонии ҷомеа ташвиқу тарғиби маърифати ҳуқуқӣ  бузургтарин  омили  пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мебошад, ки  барои  таъмини амният ва таҳкими давлатдории миллӣ омӯзиши  он хеле муҳим аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд