Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфу борон борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, барфу борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






