МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир шуд

Февраль 22, 2024 16:06

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Меваҳои истиқлол» намоиш-фурӯши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.

 Иштирокчиён дар даромадгоҳи бино нахуст бо маҳсули эҷоди донишҷӯён шинос шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода гуфт, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои мардумӣ, нақшакашӣ ва дизайн эътироф гардид.

Тоҷикон аз ҷумлаи мардумони қадимтарини дунё буда, бо равнақ бахшидани бахшҳои ҳунару ҳунармандӣ дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Маҳорат, завқи баланд ва санъати волои меъмории ниёгони мо дар ёдгориҳои таърихии Бохтару Хатлони қадим ба таври равшан ба назар мерасад, ки мояи  ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун боргоҳи илму маърифат ва маркази инкишофи санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дар роҳи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат имрӯз нақши арзанда мегузорад. Бо дарки ин маънӣ, раёсати донишгоҳ дар оянда низ рушди ин соҳаро ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият табдил дода, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти судманд ва меҳнати софдилона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Февраль 22, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия