НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон беш аз 24,6 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 9027,1 сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд гардида, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат беш аз 24,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иттилоъ дод.
Вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки амалигардонии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавассути татбиқи 8 консепсия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ имкон фароҳам овард, то ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ҳамчун тавлидкунандаи маҳсулоти ғизоии босифат ва ба рақобат тобовари ба содирот нигаронида таъмин гардида, дар натиҷаи ин ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шаванд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 176 ҳазор адад ва шумораи кормандони соҳа ба 1664,5 ҳазор нафар расид.
Иттилоъ дода шуд, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 246,6 млн долларро ташкил дода, ба зиёда аз 22 давлати хориҷи дуру наздик содирот шудааст, ки аз он 93,1 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 6,9 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






