НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон 212 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

Февраль 2, 2024 11:56

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 ҳазору 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Ин шумора соли 2022 ба 199 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст баробар буд. Чунин иброз дошт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон.

Дар доираи нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 124 ҷойи нишаст сохтмону навсозӣ гардид. Инчунин дар доираи барнома сохтмону навсозии 84 иншоот барои 21 ҳазору 884 ҷойи нишаст идома дорад.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, дар буҷети давлатии соли 2024 барои соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2023  1 миллиарду 21 миллион сомонӣ ё 12,5% зиёд буда, 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,7% Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Он соли  2023        7 миллиарду 210 миллион сомонӣ буд.

Дар баробари ин соли 2023 барои додани қарзҳои имтиёзнок бо мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ ва 0,77 га қитъаи замин ҷудо гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд