НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ беш аз 547 ҳазор шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонд

Февраль 5, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соли 2023 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ беш аз 547 ҳазор шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонида, аз ҳисоби ин шартномаҳо ба корхона зиёда за 39,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар натиҷа нақшаи солона 118,5 фоиз таъмин шуд.

Директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаи «Тоҷиксуғурта» дар соли 2023 гуфт, ки маблағи воридгардида нисбат ба нақша беш аз 6,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда зиёда аз 19,5 ҳазор дар ҳаҷми беш аз 3,4 миллион сомонӣ ё 85 фоиз ба шакли суғуртаи ҳатмӣ ва беш аз 528 ҳазору 70 шартнома ба маблағи зиёда аз 36 миллион ё 91,5 фоиз ба шакли ихтиёрии суғурта марбут аст.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» иброз намуд, ки бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар миқёси мамлакат 63 филиал ва 6 намояндагии корхона таъсис дода шудааст. Дар онҳо беш аз 500 нафар бо кор таъмин гардидаанд, ки 293 нафар корманди воҳидӣ, 71 нафар корманди шартномавӣ ва 159 кас агенти суғуртавӣ мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид