Озмоишгоҳи миллии референсӣ соли 2023 дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ташхиси озмоишгоҳии ройгон гузаронид

Февраль 7, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ давоми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 10 137 ташхиси озмоишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори озмоишгоҳ  Баҳодур Холназар иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (таҳқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 9 муассисаи тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ  гузаронида шудааст.

«Баҳри иҷрои супоришҳо дар самти назорати амалисозии ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар чаҳорчӯби Барномаи саломатии ягона ҷиҳати дастгирии амалҳои афзалиятнок оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон», аз ҷумла назорати эпидемиологии E.Coli ESBL, устувории он ба доруҳои зиддимикробӣ ва баҳодиҳии берунаи сифати ташхисҳои бактериологии озмоишгоҳҳои бактериологии 6 муассисаи тандурустии мамлакат гузаронида шуд», — иброз дошт директори озмоишгоҳ.

Ба гуфтаи Баҳодур Холназар, рӯйдод ва дастоварди муҳими озмоишгоҳ дар соли 2023 — ин аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намудани Муассисаи  давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» мебошад.

Қобили  тазаккур аст, ки 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии  «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии  II Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои  2018-2023, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи зарурӣ кумак расониданд.

Моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намояд.


Тибқи баҳогузории ҳайати намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки  моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 хол соҳиби 96  хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз эътироф гардид.

Ҳамин тавр, 13 сентябри соли 2023 директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода номаи расмии Созмонро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

АКС: Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»

Февраль 7, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст