Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок ва суханронӣ намуд

Февраль 22, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар назди иштирокчиёни  Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё дар мавзуи «Рушди ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувор дар Осиё» дар шаҳри Боку суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории судманд бо давлатҳои Осиё баҳри рушди устувори муштарак мебошад. Бо назардошти ин яке аз самтҳои асосии иқдоми якҷояи мо бояд тавсеаи иқтидори нақлиётию транзитии минтақа бошад. Андешидани тадбирҳои муассир барои беҳтар намудани долонҳои нақлиётӣ дар Осиё муҳим аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон  илова намуд, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парламентии Осиё бо парламентҳои аъзо аҳамияти бузург медиҳад.

Имрӯз дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбию сиёсӣ равандҳои манфӣ вусъат меёбанд. Ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, чун пештара, миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таҳдид менамоянд. Зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза бо ин хатару таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният ба миён омадааст. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият давлатҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзоянда ба амнияту осоиш комёб гарданд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки “дар шароити муосири тағйирёбии босуръати иқлим мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ин раванд аҳамияти хосса дорад. Имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонии муосир буда, бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон аст. Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи иқлим гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои зиёди иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳистон буда, рӯ ба рӯ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд”.

Яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим- ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон аз тағйирот дар давраи гидрологӣ, ки боиси обхезӣ ва хушксолии шадид гардида, ба захираҳои обу энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонад, нигарон аст. Бар асари тағйири иқлим ва гармшавии глобалӣ аз 14 ҳазор пирях дар кӯҳистони Тоҷикистон беш аз як ҳазораш комилан об шудааст.  Барои бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Умед дорем, ки талошҳои мо дар ин самт аз ҷониби давлатҳои Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа роҳбарони парлумонҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парлумонии зиёда аз 30 давлати дунё, аз ҷумла Русия, Туркия,  Индонезия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб,  Ироқ, Уммон ва дигар давлатҳо  иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мешавад
Маҳмадтоир Зокирзода: «Даъвати шашум давраи беҳтарин дар корномаи касбии вакилон мебошад»
Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Пагоҳ иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд»
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оғоз гардид