«Саноатсодиротбонк» соли 2023 ба маблағи 374,1 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба маблағи 374,1 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 160,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Тавре дар «Саноатсодиротбонк» ба хабарнигори мо иттилоъ доданд ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” бо пешниҳоди хизматрасонии молиявии рақамӣ ба муштариён тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, соли ҳисоботӣ дар фаъолияти бонкӣ низоми биллингӣ ташкил гардид.
Имрӯзҳо дар сохторҳои амалиётии «Саноатсодиротбонк» ва нуқтаҳои пешниҳоди хизматрасониҳо тавассути ПОС-терминалҳо ва дар замимабарномаи мобилии «ССБ Мобайл» 382 номгӯй хизматрасонии ҳатмии муздноки давлатӣ фаъол гардонида шудааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ ба 22 550 адад расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 20 003 адад ё 8 маротиба зиёд мебошад.
Бо зиёд шудани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ инфрасохтори зарурӣ дар «Саноатсодиротбонк» ҷиҳати хизматрасонии кортҳо ҷорӣ гардида, шумораи нуқтаҳои хизматрасонӣ ба 332 адад расонида шуд. Аз ин шумора 12 ададро банкомат, 66 ададро терминалҳо ва 254 ададро QR рамзҳоро ташкил медиҳанд, ки шумораи нуқтаҳои хизматрасонӣ нисбат ба соли 2022 298 адад зиёд гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






