«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии пойтахт иборат аз ду гурӯҳ дар минтақаи 53-54-и ноҳияи Сино, маҳаллаи “Чашмасор”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муассисаи истифодабарии манзили №3, кӯчаи Айнӣ 78/1-и ноҳияи Шоҳмансур, шаҳраки 42 ва маҳаллаи “Равшангарон”-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳашар баромаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Гурӯҳи якум, ки аз тозакорон иборат буд, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур кӯчаву роҳравҳо, назди биноҳо ва майдончаҳои варзиширо аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва хазонбаргҳо тоза намуданд.
Гурӯҳи дуюм, ки аз ниҳолшинонон ташкил ёфта буд, дар шаҳраки 42 ва маҳаллаи “Равшангарон”-и ноҳияи Фирдавсӣ беш аз 150 арчаи ҳамешасабз ва дарахти сояафкан шинониданд.



Ҳашарчиён иброз доштанд, ки ҳадафи мо тозаву озода намудани хонаву коргоҳ, кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмуъ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе мебошад. Зеро пойтахт оинаи миллатнамои давлат буда, ҳар хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, нахуст ба шаҳри зебову дилорои Душанбе қадам мениҳад.
Дар охир аз дигарон низ даъват шуд, ки ба ин гуна иқдом шарик шаванд, то дар якҷоягӣ тавонем шаҳри худро сарсабз гардонем ва барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминамонро омӯзонем.
Ҳашари умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори “Шаҳри ман – хонаи ман” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, ҳар ҳафта гузаронида шуда, то ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе











МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






