Шаҳрвандони кадом давлатҳо бештар ба Тоҷикистон меоянд?
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳамасола афзоиши сайёҳони хориҷӣ мушоҳида мешавад. Масалан, соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бо ҳар гуна мақсад (тиҷоратӣ, истироҳат ва ғ.) ба мамлакати мо сафар намудаанд, 1358,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 206,1 ҳазор ё 17,9 фоиз зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии шахсоне, ки ба Тоҷикистон сафар намудаанд, тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, 1201,0 ҳазор нафар сайёҳ ҳисобида мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 20,2 фоиз зиёд аст.
Дар асоси маълумоти Агентии омор, шаҳрвандони давлатҳои зерин бештар ба Тоҷикистон меоянд.
Аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил:
Узбекистон – 898,2 ҳазор нафар (66,1 фоиз аз шумораи умумии омадагон)
Русия – 307,9 ҳазор нафар (22,7 %).
Қазоқистон – 33,5 ҳазор нафар (2,5 %).
Туркманистон – 4,2 ҳазор нафар (0,3 %).
Қирғизистон – 3,1 ҳазор нафар (0,2 %).
Аз давлатҳои хориҷии дур:
Чин – 20,4 ҳазор нафар (1,5 %).
Туркия – 12 ҳазор нафар (0,9 %).
ИМА – 9,7 ҳазор нафар (0,7 %).
Эрон – 6,8 ҳазор нафар (0,5 %).
Афғонистон – 6,5 ҳазор нафар (0,5 %).
Олмон – 5,1 ҳазор нафар (0,4 %).
Ҳиндустон – 4,1 ҳазор нафар (0,3 %).
Ҷумҳурии Корея – 2,5 ҳазор нафар (0,2 %).
Британияи Кабир – 2,4 ҳазор нафар (0,2 %).
Покистон – 2,2 ҳазор нафар (0,2 %).
Фаронса – 2 ҳазор нафар (0,1 %).
Италия – 1,8 ҳазор нафар (0,1 %).
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






