Тибқи рейтинги нави Шурои миллии таҳқиқоти Испания Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 101 зина боло рафта, дар зинаи 5415 қарор дорад
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои миллии таҳқиқоти Испания (CSIC) моҳи январи соли 2024 рейтинги навашро мунташир сохт, ки тибқи он Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дошта, дар сатҳи ҷаҳон дар байни зиёда аз 31000 донишгоҳу донишкада (Universities: January 2024 Edition 2024.1.1 beta) дар зинаи 5415 қарор дорад, яъне, назар ба соли гузашта 101 зина боло рафтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони муҳандисӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияташро пеш бурда, соли 2023 дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» якчанд чорабиниҳои илмӣ-амалӣ баргузор намуд.
Дар ин давра дар донишгоҳ 9 конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо донишҷӯёну унвонҷӯён ва олимон фаъолона иштирок намуда, натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиашонро ба нашр расониданд.
Дар баробари нашри мақолаҳо дар маводи конференсияву маҷаллаҳои илмии донишгоҳ фаъолияти олимони донишгоҳ дар самти интишори мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризии байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus, Web of Science ва ғайра хеле назаррас аст. Аз ҷумла, соли 2023 аз ҷониби устодони донишгоҳ зиёда аз 40 мақола (Scopus, Web of Science ва амсоли онҳо) чоп гардидааст.
Ин аст, ки тибқи нишондиҳандаи рейтинги Вэбомэтрикс Ранкин оф Юнивурситиз Ворлд (Webometrics Ranking of Universities World), ки бо номи Ранкин Вэб оф Юнивурситиз (Ranking Web of Universities) маъруф аст, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон давоми солҳои охир бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон қарор гирифт, ки ин ба якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ ва номи донишгоҳ, сомонаи интернетӣ ва ғайра асос ёфтааст.
Ин рейтинг дар асоси пажуҳиши Шурои миллии таҳқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад. Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону донишҷӯён мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






