Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 30, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, шартномаи ҳамкорӣ зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода ва намояндагони Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин профессор Жанг Веиксинг ва Гонг Джианан, ки ба донишгоҳ омада буданд, ба имзо расид.

Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз фаъолияти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 7 донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкории судманд дошта, ҳамасола даҳҳо донишҷӯён баҳри идомаи таҳсил ба муассисаҳои бонуфузи ин мамлакат ҷалб мешаванд.

Профессор Жанг Веиксинг доир ба имконияти мавҷудаи Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин маълумот дода, иброз дошт, ки муассисаи таълимӣ яке аз бонуфузтарин муассисаҳо дар қаламрави Чин ба ҳисоб меравад. Он бисёрсоҳавӣ буда, дар таҳкими  муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалб намудани устодону донишҷӯён ба хориҷи мамлакат нақши баланд дорад.

Ҷонибҳо баҳри мубодилаи академии донишҷӯёну устодон, чопи мақолаҳо дар ҳаммуаллифӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмии муштарак, баргузории конференсияву ҳамоишҳои илмиву методӣ ибрози ақида намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 30, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд