Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода оид ба риояи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ доир шуд

Март 2, 2024 13:36

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» вохӯрии Раиси шаҳр бо сокинон  баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ,  ҷилавгирӣ аз рӯ овардан ба фарҳангӣ бегонаи либоспӯшӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва одоби ҳамида тарбия намудани  насли наврас ва ҷавонон  баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки баъди қабули   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, ҳолатҳои зиёди сарфи беҳуда дар  маросимҳо пешгирӣ гардид. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон  боз ҳам риоя нагардидани ин қонун, ки моҳиташ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад,  ба мушоҳида мерасад.

Таъкид карда шуд, ки ба ҷойи худнамоишдиҳӣ ва баргузор намудани маъракаҳои пурдабдаба, моро зарур аст, ки шароити зисти аҳли хонаводаро беҳтар намуда,  барои  фарзандон дар хона ашёи барои онҳо зарурии  таълимиро дастрас намоем.

Инчунин дар вохӯрӣ риояи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» муҳокима гардид. Иброз гардид, ки ҳолатҳои аз ҷониби баъзе аз падару модарон бепарвоӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи фарзандон  зиёд ба назар мерасад. Натиҷаи чунин фориғболӣ онҳост, ки фарзандон вақти худро беҳуда гузаронида, аз таҳсил ва мутолиаи китоб дур мондаанд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи ин қонун  дар доираи одоби намунавӣ тарбия ва ба камол расонидани  фарзандон аз ҷониби волидайн мебошад.

Дар ҳамин робита  ба шахсони мутассадӣ ҷиҳати иҷрои қонунҳо номбаршуда  дастуру супоришҳои мушахаас дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 2, 2024 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад