Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори Донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва мубориза ба падидаҳои номатлубу зиёдаравӣ сухан гуфт.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёву ходимони дини мамлакат ёдоварӣ намуда, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфт.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот чунин гуфтанд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ва зуҳури гурӯҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои ҷудогонаи олам таҳдид менамояд, ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар амон бошад. Коршиносони ватанию байналмилалӣ борҳо омили асосии пайваст шудани ҷавонону сокинонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут донистаанд.
Дар интиҳо ҷавонон даъват шуданд, ки пайваста омӯзанд ва бо падидаҳои номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзу гиромидошти дастовард ва муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






