Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ховари Миёна ҳамоиш доир шуд

Март 1, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои  Ховари Миёна баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ иштирок намуданд.

Баён гардид, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Ховари Миёна сиёсати мутавозинро пеш мебарад. Аз ин рӯ, давоми солҳои 2023–2024  6 сафари корию давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ховари Миёна амалӣ гардид.

Ба гуфтаи директори Марказ Хайриддин Усмонзода, зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои Ховари Миёна имрӯзҳо ба воқеият табдил ёфтааст ва мо наметавонем ин равандро аз мадди назар канор гузорем.

Таъкид гардид, ки тоҷикон таърихан бо мардумони ин минтақа муносибату ҳамкории дӯстонаю васеъ доштанд. Бинобар ин, тақвияти муносибатҳо бо давлатҳои Ховари Миёна ба авлавияти калидии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Ховари Миёна: вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯи имконоти истифоданашуда дар муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири татбиқи онҳо», «Вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Ховари Миёна» маърузаҳо шунида шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Шарқи Наздик ё Ховари Миёна — номи таърихии минтақае аст, ки дар Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ ҷойгир аст. Аҳолии асосии он озарбойҷониҳо, арабҳо, арманиҳо, ашшӯриён, гурҷиҳо, юнониҳо, форсҳо, яҳудиён, мисриҳо, курдҳо ва туркҳо мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад