Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ конференсия баргузор гардид

Март 27, 2024 12:21

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар конференсия аз ҷониби маърузачиён чанд ҷанбаи ҷашни Наврӯз, аз қабили масъалаҳои консептуалии таҷлили ҷашн дар шароити байналмилалӣ гардидани он, таҷлили ҷашн дар оини бостон, истифода ва ҷойгоҳи мусиқӣ дар ин ҷашн, тавсиф ва тобишҳои маъноии вожаи «Наврӯз» дар ашъори шоирон ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.

Иброз гардид, ки Наврӯз аслан ҷашни зиндагисоз, эҳёи табиат, алоқаманд бо инсон, падидаи зебоипарастӣ, воситаи хурсандӣ, эҷодкорӣ ва ободӣ буда, воқеан ҳам ҷашни мардумӣ аст. Устодони мусиқии мо дар гузашта барои дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтани ин иди бузург оҳангҳои зебову дилнишин ва пуршӯру ҳаяҷоне офаридаанд, то рӯзгорашонро бо шодию хуррамӣ омезиш диҳанд.

Зарур аст, ки Консерватория ҳамчун муассисаи олии касбии мусиқӣ он оҳангҳои зеборо дар асоси рисолаҳои мусиқӣ, ки аз асрҳои миёна боқӣ мондаанд, дубора зинда намуда, ба зиндагии имрӯза ворид намояд.

АКС: Маркази матбуоти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Март 27, 2024 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид