Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд

Март 23, 2024 14:34

ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» доир шуд, ки дар он гирандагони стипендияи президентӣ аз ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан иштирок доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ин ҷашн барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аҳамияти махсус дорад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки гирандагони стипендияи президентиро зарур аст, ки дар баробари таҳсили хубу аъло дар тамоми самтҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон масъулияти зиёд дошта бошанд. Зеро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша бо такя ба қувваи ҷавонон фаъолияташро пеш мебарад ва насли ҷавонро мебояд бо Кумита ҳамкории зич намояд.

Сипас, ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Иброз гардид, ки мояи ифтихор аст, ки яке аз механизмҳои ҳавасмандӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон- ин таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2020 теъдоди он 400 адад ва аз соли 2021 ин ҷониб ба 3000 адад расонида шуд, ки бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2024 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд