Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»

Март 26, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст». Чунин иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки шоми 25 март дар шаҳри Душанбе  бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.

Ба ин маънӣ, Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд. Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.

Сарвари давлат таъкид бар он намуданд, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош менамоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид