«НАБЗИ ДУШАНБЕ». Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик нахустшумораи ин маҷалла ба табъ расид

Март 11, 2024 18:34

ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик нахустшумораи маҷаллаи «Набзи Душанбе» ба  чоп расид, ки таҷассумгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Маҷалла бо забони тоҷикиву русӣ нашр шуда, хонандагон аз муҳтавои маҷалла бо пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва  ободкориву зебоиҳои пойтахт огоҳ мешаванд.

Тавре дар сарсухани маҷалла таъкид мегардад, бо шарофати соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ҳамарӯза рушду нумуъ меёбад. Даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои пойтахт ба куллӣ дигаргун гаштааст, ки ин ҳама бо заҳмат ва ҷаҳду талоши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидаанд.

Дар маҷалла вобаста ба сохтмони роҳу пулҳои замонавӣ, иншооти барҳаво, беморхона ва мактабҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар самтҳои тараққинамудаи пойтахт мақолаву гузоришҳо бо  аксу тасвирҳои гуногунрангу  зебо нашр карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2024 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд