«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Март 1, 2024 17:01

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи «Ҷадвали баргузории  фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки  бо  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро баргузор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Озмун бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ баргузор мегардад.

Вобаста ба ин Кумита Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ намудааст.

Озмун дар се давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор мегардад.

Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 гузаронида мешавад.

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз маросими ҷоизсупорӣ иборат буда, шанбеи дуюми моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли заст, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат; иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ; ҷалби фарзандон ба хизмати Модар-Ватан; саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян мегарданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳо, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 мукофотонида шуда, ҳамзамон шахсони ташаббускоре, ки дар озмун иштироки фаолона доштанд, бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2024 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст