«ОМӮЗГОРИ МАН – ИФТИХОРИ МАН». Ҳафтаномаи «Омӯзгор» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд

Март 12, 2024 15:14

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин маводи публитсистию адабӣ аз рӯйи жанрҳои мақола, очерк, лавҳа, ҳикоя ва эссе Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  ҳафтаномаи «Омӯзгор» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати моариф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва инъикоси фаъолияти густардаву фидокоронаи онҳо буда, навиштаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо аз умумигӯӣ, баёни сатҳии тарҷимаи ҳоли омӯзгорон ва нақли хушку беобуранг худдорӣ шуда бошад. Ба навиштаҳое, ки муъҷазу муассир ва дорои забони шевою ҷозиб мебошанд, бартарӣ дода мешавад.

Инчунин нигоштаҳо бояд инъикосгари таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба аҳли маориф бошанд, чеҳраи воқеии омӯзгор ва корномаи ӯро ба таври муассир бозгӯӣ намоянд, мавқею мартабаи шоистаи омӯзгорро дар ҷомеаи мо тасвир намоянд, навгонию эҷодкорӣ, хислатҳои ҳамидаи аҳли таълиму тарбия ва нақши онҳоро дар ҷомеа тавсиф бахшанд, аз таҷрибаи судманди омӯзгорон ҳикоят намоянд.

Иштирок дар озмун озод буда, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва кормандони гуногункасб метавонанд дар он иштирок намоянд.

Озмун аз рӯзи эълон шудан то 10 сентябри соли 2024 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ҷамъбаст мешавад.

Ғолибони озмунро туҳфаҳои зерин интизоранд:

Ҷойи якум – 10 000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – 7 000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – 5 000 сомонӣ

Ҳамчунин 3 иштирокчии фаъол бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Навиштаҳо ба озмун набояд аз 4-5 саҳифаи  чопи компютерӣ бо ҳуруфи 14 зиёд бошанд.

Навиштаҳое, ки ба озмун роҳ меёбанд, дар шакли китоби алоҳида чоп хоҳанд шуд.

Иштирокчиён метавонанд матлабҳояшонро ба суроғаи электронии ҳафтаномаи «Омӯзгор» – n.omuzgor@maorif.tj ё ба идораи ҳафтанома: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 126, бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» ирсол намоянд.

Телефон барои тамос: 225-81-57

АКС: Ҳафтаномаи «Омӯзгор»

Март 12, 2024 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд