ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ. Дар Данғара ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон доир шуд

Март 31, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 31.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара бо иштироки гирандагони стипендияҳои президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар он 250 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Темурмалик, Ёвон ва шаҳри Норак фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки бо иқдоми ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун амал менамоянд. Яке аз ин иқдом таъсиси стипендияҳои президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки имрӯз теъдоди онҳо се ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш ба гирандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 шаҳодатнома ва маблағҳои стипендия (идрорпулӣ) тақдим шуд.

Ҳамзамон гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии мамлакат миннатдории самимонаашонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави асили Пешвои муаззами миллат гардида, дар рушду нумӯи давлат саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон