Президенти Тоҷикистон орзу намуданд, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар нақши занону духтаронро дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстиву масъулиятшиносӣ басе муассир номиданд.
Дар идома хотиррасон гардид, ки заҳмату машаққати ба дунё овардани фарзанд ва ба камол расонидани ӯро маҳз модар мекашад. Ва маҳз ба ҳамин сабаб модар то лаҳзае, ки зинда аст, кӯшиш мекунад, ки фарзандаш саломату хушбахт бошад.
«Мо низ орзу мекунем, ки ягон модар доғи фарзанд набинад ва ашки ғам нарезад, — изҳор намуданд Сарвари давлат. — Баръакс, мо мехоҳем, ки дар чашми модаронамон аз хушбахтиву хурсандии фарзандону набераҳояшон ҳамеша ашки шодиро бинем».
Таъкид гардид, ки мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро на фақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем.
«Занон-модарони мо чароғи равшан ва гармии хонадон мебошанд. Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар оила низ дар дасти онҳо аст, яъне ҳама чиз, пеш аз ҳама, файзу баракат ва эҳтирому обрӯи хонадон аз модарону занон вобаста мебошад», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






