«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ҷалби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт дар маҳаллаи М. Амиршоеви ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Деҳи Болои ноҳияи Сино беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни ниҳолшинонӣ қоидаҳои дурусти агротехникӣ риоя карда шуданд.
Ҳамчунин гурӯҳи дигари ҳизбиён дар маҳаллаи «Роҳиоҳанчиён»-и ноҳияи Шоҳмансур ва маҳаллаҳои «Гулбутта 1,2,3,4», «Гулпарвар» ва «Чимтеппа»-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳашар баромада, атрофи маҳаллаҳои мазкур ва ҳудуди майдончаҳои варзиширо аз ҳар гуна алафҳои бегона ва партовҳои маишӣ тоза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои тозагиву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, амалӣ мешаванд ва дар доираи ҳашари умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори «Шаҳри ман – хонаи ман» то таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе











СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






