ТАРАННУМИ НАВРӮЗӢ. Дар Мактаби президентӣ ва Литсей барои хонандагони болаёқати Хоруғ Наврӯзи бостонӣ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо расму русуми аҷдодӣ таҷлил гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Раиси вилоят ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва хӯрокҳои миллии муассиса дидан намуда, ба намоиши хӯрокҳои миллӣ ва бозиҳои қадимии мардуми Бадахшон баҳои арзанда доданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи нав дар вилоят бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Маҳз аз баракати Истиқлоли миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва кӯшишҳои хастагинопазири роҳбарияти мамлакат имрӯзҳо ин иди аҷдодии моро тамоми ҷаҳониён таҷлил менамоянд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақиқат ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунё аст, ки бо фарорасияш аз оғози фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба асолати таърихии Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст».
Иброз гардид, ки Тоҷикистони мо сарзамини хуршедӣ мебошад, ки бо пайки неки Наврӯз табиат аз нав зинда мешавад ва ин диёри нозанини мо ба гулистон табдил меёбад.
Ҳамзамон бо шукуҳу фараҳмандиҳои бешумор дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, ки дар он хонандагон ва муаллимони ин боргоҳи маърифат Наврӯзи байналмиллалиро бо шаҳомат ҷашн гирифтанд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки тавассути оинҳои арҷманди Наврӯз ҷаҳониён бо рӯзгор, фарҳанг, ҳастӣ ва ҷавҳари аслии мардуми тоҷик шинос шуданд. Ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз далели таърихи бою ғанӣ ва фарҳанги оламшумул доштани тоҷикон мебошад.
Барномаи фарҳангӣ, ки муҳтавои он аз шукри истиқлол, шукуфоии Ватан, пешрафти ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ/ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон






