Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро густариш додани самтҳои илму таълим арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва форумҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбари низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ пешоҳанг мебошад.
Донишгоҳ на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақа дорои мактаби эътирофгардидаи забоншиносон буда, дар таҳкими робитаҳои илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дорад.
Дар интиҳо ҷонибҳо барои амалӣ намудани табодули донишҷӯён дар асоси бурсияҳо ба мувофиқа омада, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






