Ҳайати парлумонии Гурҷистон бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид

Апрель 1, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ҳайати парлумонии  Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси кумита оид ба муносибатҳои байналмилалии Парлумони  Гурҷистон Николоз Самхарадзе бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.

Ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии  Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод, ки барои  ҳайати парлумонии Гурҷистон сайри осорхонавӣ  ташкил шуд.

Меҳмонон  дар толорҳои намоишии «Асри санг», «Асри биринҷ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгонамон офарида шуда, инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик давоми таърихи бостонӣ ҳастанд, шинос гардиданд.

Дар анҷом ҳайати парлумонии Гурҷистон таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 1, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд