Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид. Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ашӯрбой Солеҳзода баргузор гардида, дар он масъулини вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Дар иртибот ба ин бо мақсади амалӣ намудани он, бахусус дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ, таъмини идоракунии давлатии раванди муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, рушди институтсионалӣ ва истифодаи самараноки муҳоҷират дар соҳаи иҷтимоӣ «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардида, дар доираи он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ якчанд стратегияву барномаҳои давлатӣ барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба монанди «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020», «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Масъулини ниҳодҳои марбутаи мамлакат доир ба таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, дигаргунсамтии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ гузориш ва пешниҳод манзур намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд






