Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд

Апрель 16, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпароние, ки шаби 13 апрел дар ноҳияи Саутсайди шаҳри Чикаго /ИМА/ ба амал омад, як нафар духтари нуҳсола ҳалок ва 10 нафари дигар, аз ҷумла се кӯдак захмӣ шуданд. Дар ин хусус воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ иттилоъ додаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».

Тибқи маълумоти полиси маҳаллӣ, тирпаронӣ тақрибан соати 21:20 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Духтари нуҳсола аз захми сар вафот намуда, писари яксола ва писари ҳаштсола захмҳои зиёде бардошта, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Писари дигарӣ, ки нуҳ сол дорад, бо захмҳои сабук худро хуб ҳис мекунад.

«Ин амали тасодуфии зӯроварӣ набуда, эҳтимол ба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ вобаста аст», — изҳор дошт муовини сардори ноҳияи 1-уми полиси Чикаго Дон Ҷером.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард