Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазирон масъалаи муҳими муносибаҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар бораи омодагӣ оид ба гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар даҳаи сеюми моҳи май ва ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар нимаи якуми моҳи июни соли 2024 табодули афкор намуда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд






