ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ. Сокини деҳаи Тахти шаҳри Ҳисор маблағи сафари ҳаҷро дар таъмири боми мактаби деҳа сарф менамояд
ДУШАНБЕ, 09.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Тахти шаҳри Ҳисор Мирзомурод Исматов сафари ҳаҷашро мавқуф гузошта, маблағи бо ин мақсад пасандознамудаашро ба таъмири боми мактаби №55-и зодгоҳаш, ки худ ва бародараш дар он таҳсил намудаанд, сарф менамояд.
Мирзомурод Исматов, ки мактабро хубу аъло хатм намуда, тарҷумони забони англисӣ ва арабӣ мебошад, мегӯяд, ки бо мақсади шинос шудан бо таҳсили фарзандаш Аҳмадҷон ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55- и деҳааш рафта, вориди синф гардид. Чун рӯзи боронӣ буд, ҷо-ҷо аз сақфи синфхона об мечакид. Зардиҳои девор нишони он буд, ки қаблан низ оби борон вориди синфхона мешудааст. Бино ба гуфти маъмурияти муассиса, гарчанде боми муассисаро ҳар сол таъмир менамоянд, аз сабаби фарсуда будани бомпӯши бино ин ҳолат тез-тез рух медиҳад.
Мирзомурод ба хона баргашт ва ба падараш Абдусаттор Исматов, ки марди тақводор буда, фарзандонашро бо меҳнати ҳалол ба камол расонида, соҳиби илму ҳунар намудааст, гуфт, ки сафари ҳаҷашро мавқуф гузошта, маблағи бо ин мақсад пасандознамудаашро дар таъмири боми мактаб сарф менамояд. Ҳоло ҷавон аст, боз имкон мешавад, ки ҳаҷ намояд.
Бо ин мақсад ӯ маблағи заруриро ба бародараш Шаҳобиддин дода, таъкид намуд, ки 500 дона шифери асбестӣ харида биёрад ва ба савоб шарик гардад.
Падар, ки устои сохтмончӣ аст, аз тасмими писаронаш қаноатманду хушҳол гардида, азм намуд, ки дар вақти таътили мактаббачаҳо корҳои сохтмонӣ ва иваз намудани бомпӯши мактабро анҷом медиҳад.
Хотирнишон месозем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли равон зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар Душанбе баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «Мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад






