Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаи музокирот мо як силсила санадҳои навро, ки заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории гуногунҷанбаи моро ба таври назаррас таҳким мебахшанд, ба имзо расонидем. Дар ин зимн мехоҳам моҳияти таърихии Аҳднома оид ба ҳампаймониро, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад, бахусус таъкид намоям. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 апрел зимни изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки Аҳднома ба истифодаи боз ҳам васеи зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон мусоидат намуда, ин санад, ҳамчунин, омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақа — Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.
«Мо таъкид кардем, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд. Маҷмӯи масъалаҳоеро, ки ба тавсеаи босифати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ равона гардидаанд, баррасӣ намуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул кардем»,-хотирнишон намуданд Пешвои миллат.
Ёдовар мешавем, ки 18 апрел пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд






