Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем, дар лаҳзаҳои вазнин дасти ҳамдигарро гирем ва ба якдигар кумак расонем.
«Мо бояд аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, неъматҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ шукргузорӣ намоем, — даъват намуданд Пешвои миллат. — Зеро маҳз ба шарофати онҳо имрӯз мардуми ободкору созанда ва ватандӯсту сарбаланди мо ба хотири рушди минбаъдаи давлатамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва содиқона заҳмат мекашанд».
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки миллати тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсола бисёр давраҳои сахту сангинро аз сар гузаронидааст, садҳо ҳазор фарзандони он барои расидан ба рӯзҳои босаодат мубориза бурдаанд ва дар ин роҳ ҷонашонро аз даст додаанд.
«Шукр, ки мо ба истиқлолу озодӣ расидем ва имрӯз соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо акнун давлат бунёд карда истодаем. Ман медонам, ки садҳо мушкилоту норасоӣ дорем, аммо хуб дар хотир дошта бошем, ки касе дар андешаи обод кардани Ватани мову шумо, яъне хонаи мову шумо нест. Фақат ва фақат мову шумо ҳастем, ки бояд дар фикри ободӣ ва ҳифзи ин Ватан бошем», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.
Барои ин, ба таъкиди Пешвои миллат, пеш аз ҳама, вақт, заҳмат, сабру таҳаммул, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, иродаи матин, нангу номус ва ҳисси баланди миллӣ доштан зарур аст.
АКС аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






