СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар вилояти Суғд ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст

Апрель 28, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, давоми се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6 млрд.84 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда 106 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 91 ҳазору 202 тонна орд, 1745 тонна равғани растанӣ, 12 ҳазору 149 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3 млн. 323 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 3 млн. 557 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт ва 3 млн. 348 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122 фоиз, равғани растанӣ 103 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 140 фоиз, консерваҳо 2 баробар, нӯшокиҳои беспирт 1,6 баробар ​ ва консерваҳои меваю сабзавот 2 баробар таъмин гардидааст.​

Гуфта шуд, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2024 дар вилоят ба миқдори 303 ҳазор тонна семент ва 226 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.​

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 39 корхонаву коргоҳи нав бо 246 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд.​

Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда ​ мусоидат намуданд. ​ ​

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 28, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад