Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.
Низоми нав баъди тасвиби Протокол аз ҷониби ҳарду давлат ба роҳ монда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-19 апрели имсол 28 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки яке аз онҳо Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 мебошад. Ин санадро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Маҳкамов имзо намуданд.
Мутобиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки он дар Душанбе, дар ҷараёни нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳури Тоҷикистон 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо рухсатнома талаб карда мешуд.
Соли 2018 ба шарофтаи иродаи сиёсии сарони ду давлат дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба амал омад ва ҳамкории ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард.
9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он қариб ҳамаи масъалаҳои то он вақт ҳалнашудаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо, аз ҷумла, масъалаҳои марзиро баррасӣ намуда, дар бораи бекор кардани низоми раводид ба муҳлати то 30 рӯз барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду давлат ба мувофиқа расиданд, фаъолияти пурраи гузаргоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистон ва Узбекистонро аз сар гирифтанд, робитаҳои дуҷонибаи нақлиётӣ, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор намуданд, пардохтҳоро барои мошинҳои сабукрав ва автобусҳое, ки аз қаламрави онҳо бо транзит мегузаранд, бекор карданд. Дар натиҷаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамасола тавассути қаламрави ду давлат беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳоло ҳамлу нақли бор байни Тоҷикистон, баъзе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бе рухсатнома амалӣ мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад. Ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – табдил додани мамлакат ба давлати транзитии минтақа андешида мешаванд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






