Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод

Апрель 30, 2024 14:09

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи 182 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ  амалӣ мегардад.

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд /БИР/  дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ITFC ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари ITFC ва ICD-и  бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагиашро барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тақвияти ҳамкорӣ изҳор намуд.

     АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд