Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар конференсия таъкид гардид, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон илму маориф ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардида, дар ҳама самтҳо пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Истиқлоли миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои илми мамлакат, аз ҷумла филологияи Шарқ заминаи муассир гузошт.
Гуфта шуд, ки дар муддати кӯтоҳ дар заминаи таҳқиқи масоили мубрами ховаршиносӣ осори фаровоне рӯи нашр омад ва саҳми олимону донишмандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин замина басе назаррас мебошад.
Дар конференсия зимни маърузаҳои олимони шинохта масоили мубрами филологияи Шарқ, инчунин суннатҳои пойдории адабиёти халқҳои мухталифи Шарқ, тарҷумаи сарчашмаҳои адабиёти арабизабон ба форсии тоҷикӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия беш аз 100 маъруза аз мамлакатҳои мухталифи олам, аз ҷумла Америка, Британияи Кабир, Миср, Алҷазоир, Русия, Ҳиндустон, Узбекистон, Олмон ва Нигерия пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






