«ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Душанбе Моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардида, ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гардид. Ин ҷоиза имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зимни ҳамоиши фарҳангӣ — фароғатии ҷамъбасти Моҳвораи ҷавонон таҳти унвони «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор