Аз ноҳияи Ашт 3000 тонна зардолуи пешпазак содирот мешавад

Май 30, 2024 09:49

СУҒД, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Боғдорони ноҳияи Ашт тасмим гирифтаанд, ки 3000 тонна зардолуи пешпазакро ба Русия ва Қазоқистон содирот намоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳамарӯза беш аз 10 мошини калони боркаш вориди ноҳия шуда, маҳсулотро интиқол медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни ҷамъоварӣ ва содироти зардолу шинос гардид. Гуфта шуд, ки нархи як килограмм зардолу дар хоҷагиҳо деҳқонӣ 8 сомонӣ аст.

Дар ноҳияи Ашт, ки калонтарин ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз ин миқдор 570 гектари он зардолуи пешпазак буда, дар айни замон чиниш ва содироти маҳсулот идома дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои осон намудани раванди содироти маҳсулот равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда таъсис дода шудааст.

Иброз гардид, ки имсол ҳосили зардолу хуб буда, барои ҷамъовариву содироти маҳсулот бояд аз тамоми имконият истифода бурда шавад. Зеро талабот ба меваҳои шаҳдбори мамлакати офтобии мо дар хориҷи ҷумҳурӣ хеле зиёд аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 30, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад