Дар Тоҷикистон филиалҳои бонкҳои Туркия таъсис меёбанд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти низоми бонкӣ, бахусус кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, таъсиси филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии низоми бонкӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва дурнамои ҳамкории бонкӣ байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода сафирро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, гуфт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории ҷорӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳои фаръӣ, филиалу намояндагиҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ намояд. Мавҷудияти сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёт далели ҷолиб будани он барои сармоягузорони хориҷӣ буда, давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷиву ватаниро кафолат медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар низоми бонкии ду давлат истиқбол намуда, ҳамзамон бахшҳои тиҷорату сайёҳиро дар муносиботи иқтисодии давлатҳо муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд






