Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид

Май 6, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи апрели соли 2024, яъне бо омадани фасли баҳор ва гарм шудани ҳарорати ҳаво аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳамади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, аз 4 апрел то 10 апрели соли 2024 аз ҷониби кормандони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар ёдгории таърихии Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус таҳқиқоти илмии бостоншиносӣ анҷом дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳамади Дониш иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз гузаронидани корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ тоза намудани биноҳо ва таҳқиқоти илмии бостоншиносӣ буд. Дар натиҷа ҳуҷраҳо ва гузаргоҳҳо аз хок тоза карда шуда, дар девору фарш осори оташи сахт ба қайд гирифта шуд, ки дар баъзе ҷойҳо ба ранги сурх табдил ёфтаанд. Зимни ин таҳқиқот миқдори зиёди зарфҳои сафолӣ ёфт шуд, ки онҳо ба асрҳои X-XI ва XIV-XVI мансуб мебошанд.

Ҳамзамон аз 16 то 22 апрели соли 2024 экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар деҳаи Дараи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ (водии дарёчаи Симиганҷ) гузаронида шуд. Дар ибтидои таҳқиқот теппае, ки дар канори ҷанубии деҳа дар баландии қариб 30 м аз сатҳи дарёи Симиганҷ ҷойгир аст, аз назар гузаронида шуда, аз он ҷо пораҳои сафолии мансуб ба давраи Кушониён пайдо гардиданд. Тибқи тахмини мутахассисон, эҳтимол меравад, ки ин теппа боқимондаҳои қалъачаҳои он замон бошад.


Ҳамчунин дар поёни теппа, дар ҷангали соҳили рости дарёи Симиганҷ санги калони чоркунҷа (3х2 м) бо ғафсии 70 см ҷойгир аст. Ҷойгиршавии онро ба бостоншиносон сокини маҳаллӣ Ҳ.С.Забиров нишон дода, таъкид намудааст, ки дар рӯи ин санг навиштаҷоти муқаддас вуҷуд дорад. Пас аз тоза кардани санг аз чангу хок аз ҷониби бостоншиносон ягон навиштаҷот пайдо нагардид.

Тақрибан 300 метр дар шимолу шарқии теппаи Мазор, дар нишебии поёни стансияи алоқаи мобилӣ пораҳои зарфҳои сафолии бо даст сохташуда дарёфт гардид. Инчунин тақрибан 500 м шимолтар аз теппаи мазор дар сатҳи теппаи дарози Саломалейкум- дар соҳили рости дарёи Симиганҷ, ки дар он ҷо дар солҳои 80-уми асри гузашта сокинини маҳаллӣ чор пайкараи бузи биринҷӣ ёфта буданд, ду хандақи хурд (шурф) гузошта шуд, вале қабати маданӣ пайдо нагардид. Ҳангоми аз назар гузаронидани теппаи дигар, ки дар соҳили чапи дарёи Қушилич ҷойгир аст, маҷмуи зиёди порчаҳои сафолии бо даст сохташуда ва сирдори асрҳои XI-XII дарёфт ва ҷамъоварӣ карда шуд. Бо ёрии бостоншинос Ҳ.С.Забиров ғоре, ки аз стансияи зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар деҳаи Симиганҷ, тақрибан 2 км дуртар аз соҳили чапи дарёча воқеъ аст, аз назар гузаронида шуд. Ба маълумоти сокинони маҳаллӣ дарозии ғор тақрибан 15 метр мебошад. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки даромадгоҳро лағжиши сангу шағалҳо баста аст ва аз ин рӯ даромадан ба ғор имкон надошт. Дар назди даромадгоҳ ва атрофи он порчаҳои сафолӣ ё артефактҳои сангӣ ёфт нашуданд. Аммо дар ҳудуди стансияи зиззиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар нишебии соҳили рости дарё пораҳои сафолии асрҳои XIV-XV кашф карда шуданд.


Аз 24 апрели соли 2024 экспедитсияи дуҷонибаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои таҳқиқотии Фаронса дар ёдгориҳои Пушинг, Оқсу, Паркамчӣ, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Золи Зарини Данғара оғоз шуд. Дар ин экспедитсия аз ҷониби Институт кормандони илмии шуъбаи бостоншиносӣ А. Қараев (роҳбари гурӯҳ), Т.Г.Филимонова, И. Ашурмадов ва М. Филимонов ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои таҳқиқоти Фаронса Матилд Желэн ва Валери Бомбо иштирок доранд. Корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгориҳо то 30 майи имсол идома меёбанд.

Бояд гуфт, ки корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома доранд. Аз натиҷаи ҳафриёт маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, таҳқиқот идома дорад.


Аз 18 апрели соли 2024 дар ёдгории Саразм-2 –и шаҳри Панҷакент экспедитсияи байналмилалии бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Миссияи бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ (MAFAC) идома дорад. Дар экспедитсия Б. С. Бобомуллоев (ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, роҳбари экспедитсия), кормандони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм дар назди Институт- А.Раззоқов ва О.Отабоев, аз ҷониби Фаронса – олимони Миссияи бостоншиносии фаронсавӣ дар Осиёи Марказӣ (MAFAC) иштирок доранд. Ҳоло таҳқиқот дар гӯристони қадимае, ки дар масофаи тақрибан 2 км дуртар аз шаҳристони бостонии Саразм ҷойгир аст, идома дорад.

Солҳои гузашта таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин ҷо комплексҳои гӯристони маданияти Афанасеворо кашф намуд, ки ба охири ҳазораи IV пеш аз милод рост меояд. Ин нишони он аст, ки дар водии Зарафшон дар охири энеолит ва аввали давраи биринҷӣ байни аҳолии зироаткори маҳаллӣ ва чорводорони қадим алоқаи зич вуҷуд доштааст.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳамади Дониш

Май 6, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд