Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст

Май 6, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳун оилаи Абдуғаффор Қаюмов аз соли 1982 инҷониб ба парвариши кирмаки пилла машғул аст. Онҳо  соли 2023 4 қуттӣ кирмак гирифта, аз он 130 килограмм пилла ба даст оварданд. Имсол 3 қуттӣ гирифта, мақсад доранд, ки аз он 120 килограмм пилла ҷамъоварӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ҳамчунин  аҳли ин хонавода дар 0,24 гектар замини наздиҳавлигияшон картошка, помидор ва лӯбиё кишт намудаанд.

Сокини дигари ноҳияи Ҷайҳун Собир Ҳасанов дар 0,05 гектар замини назди манзили истиқоматиаш гармхонаи лимӯ бо 60 бех ниҳоли лимӯ ташкил намуда, имсол 4,5 тонна ҳосил ба даст овард.

Зимни суҳбат бо пиллапарварон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки пиллапарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.

«Тоҷикистон барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад.  Масъулони соҳаро мебояд заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии онро афзун намуда, фаъолияти парваришгоҳҳои махсуси кирмакро рушд бахшанд. Ба ин восита корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави кор муҳайё карда мешавад»,- афзуд раиси вилоят.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 6, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад