Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» ҷамъбаст гардид

Июнь 1, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» ҷамъбаст гардид, ки дар  номинатсияи  «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор» ҷойи якумро «Амонатбонк», зинаи дуюм ва сеюмро «Аввалин бонки молиявии хурд» ва  «Саноатсодиротбонк» соҳиб гаштанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор» Ташкилоти  амонатии қарзии хурди /ТАҚХ/ «Ҳумо»  ҷойи якум, Ташкилоти  амонатии қарзии хурди «Фазо С»  ва «Ориёнбонк» зинаи дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Аз рӯйи ҷамъбасти номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор» ҷойи якумро «Бонки Эсхата», ҷойи дуюм ва сеюмро «Алиф Бонк» ва «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» соҳиб гаштанд. Дар номинатсияи «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор» зинаи аввал ба  Бонки «Арванд» ва зинаҳои дуюму сеюм насиби Ташкилоти  амонатии қарзии хурди «Финка»  ва «Имон интернешнл» гардид.

Ғолибони озмун бо ҷоизаю ҷомҳо, Диплом ва Ифтихорномаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Озмун  барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» соли дуюм аст, ки дар доираи «Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025- Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» гузаронида мешавад.

Дар ҳамоиши ҷоизасупорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки ҳадафи озмун таъмини иҷрои банди 32 «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»,  тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ мебошад.

Инчунин барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» «Спитамен Бонк», «Коммерсбонки Тоҷикистон», «Тавҳидбонк», «Актив Бонк» ва «Бонки рушди Тоҷикистон» бо ифтихорномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар озмун Ташкилоти  амонатии қарзии хурди «Фурӯз», «Матин», «Азизӣ-Молия», «Зудамал», «Ардо-капитал» ва «Сандуқ» бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 1, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад